Дар чанд ҷумла
Самадова: "Тахминан 30%-и муроҷиат аз вайрон шудани қонуни даъват аст"

Як ҳомии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон гуфт, баҳори имсол мавридҳои, ба қавли мақомот, “ихтиёрӣ” ба артиш рафтани донишҷӯён мушоҳида шудааст.
Айни замон, ба гуфтаи Дилрабо Самадова, мудири Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, чанд донишҷӯ аз Хуҷанд шикоят кардаанд, ки барои ариза навиштан маҷбур буданд.
Чанде аз онҳо гуфтаанд, ваъда шудааст, агар ба артиш бираванд, бе имтиҳон соли хонишро хатм хоҳанд кард.
Вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи 1-уми июн гуфт, даъвати баҳории хидмат дар артиш ба анҷом расиду нақша пурра иҷро шуд. Дилрабо Самадова мегӯяд, ҳарчанд созмонаш омори дақиқи шикоятҳоро аз “сарбозшикор” ҳисоб накардааст, бовар дорад, тахминан 30 дарсади муроҷиатҳо ба вайрон шудани қонуни даъват ба артиш рабт мегирад.
Баҳори имсол дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори “облава”-и ҷавонон дар кӯчаву хиёбонҳои Тоҷикистон расонаӣ шуд. Самадова гуфт, ин сабтҳоро дар шикоятҳояшон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ матраҳ кардаанд, вале ҳанӯз посухе нагирифтаанд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Ба дарё афтидани як мошин дар Бадахшон боиси марги 4 кас шуд

Дар пайи ба дарё афтидани як мошин дар ноҳияи Роштқалъа, чор нафар ба ҳалокат расидаанд.
Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ҳодиса субҳи 8-уми июл рух додааст.
Ба иттилои манбаъ, ронандаи 36-сола ҳангоми убур аз роҳи марказии ноҳияи Роштқалъа аз уҳдаи идораи нақлиёти “Нива” набаромада, ба дарё сарозер шудааст.
Мақомот мегӯянд, ронанда ва се мусофири нақлиёт, ки ду нафарашон зан буд, ғарқ шудаанд.
Ҷасади як нафари онҳоро пайдо кардаанд ва мақомот гуфтанд, ҷустуҷӯи дигарон идома дорад.
Ҳамасола бар асари сонеаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои Тоҷикистон даҳҳо нафар ҳалок мешаванд.
Боздошти ду тоҷикистонӣ дар Русия бо иттиҳоми гаравгонгирӣ

Мақомоти қудратии Русия ду шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми гаравгон гирифтани як ҳамватанашон боздошт кардаанд.
Хабаргузории русии ТАСС аз қавли мақомоти Русия навиштааст, ин ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Маскав мезистанд ба шаҳри Обнински вилояти Калуга омада, як ҳамватани худро ба асорат гирифтаанд. Ному насаби боздоштшудаҳо ва ҷабрдида нашр нашудааст.
Ирина Волк, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Русия пештар хабар дода буд, ки як марди сокини шаҳри Обнинск бо нафаре дар шабакаҳои иҷтимоӣ шинос мешавад, вале баъдан миёни онҳо баҳс сар мезанад.
Боздоштшудаҳо аз шаҳри Маскав ба Обнинск омада, ҷабрдидаро аз хонааш бароварда, ба ҷойи беодам мебаранд ва латукӯб мекунанд. Ҳолати шиканҷаи мард дар навор сабт шудааст.
Алайҳи ду шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми рабудани одам парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Кодекси ҷиноии Русия барои ин кор аз 5 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Иттилои алтернативӣ дар бораи ҳодиса дастрас нест.
Дар гузашта шикоятҳои зиёде аз муҳоҷирони тоҷик садо дода буд, ки ҳамватанони худашон онҳоро фиреб медиҳанд.
Дар финали қаҳрамонии бошгоҳҳои ҷаҳон "Челси" ва "ПСЖ" бозӣ мекунанд

Дастаи “ПСЖ” ("Пари Сен-Жермен")-и Фаронса, ки дар бозии дуюми ниманиҳоии қаҳрамонии бошгоҳҳои футболи ҷаҳон-2025 тими "Реал"-и Мадриди Испанияро бо ҳисоби бузурги 4:0 шикаст дод, ба финали мусобиқот роҳ ёфт.
Бозии дуюми ниманиҳоӣ шаби 9-уми июл дар варзишгоҳи "Метлайф"-и Ист-Ратерфорд (иёлати Ню-Ҷерси, ИМА) доир гардид.
Аз чаҳор голи "ПСЖ" дутоашро нимҳимоятгари испаниягӣ Фабиан Руис, ки беҳтарин бозигари ин дидор эътироф шуд, дар дақиқаҳои 6-ум ва 24-ум ба самар расонд.
Боз якголиро ҳамлагари фаронсавӣ Усмон Дембеле дар дақиқаи 9-ум ва ҳамлагари португолӣ Гонсалу Рамуш дар дақиқаи 88-ум заданд.
Ба ин тартиб, “ПСЖ” дар финали қаҳрамонии бошгоҳҳои футболи ҷаҳон-2025, ки 13-уми июл баргузор мешавад, бо "Челси"-и Лондони Англия рақобат мекунад.
Ёдовар мешавем, “Челси”, ки дар даври ниманиҳоии қаҳрамонии бошгоҳҳои футболи ҷаҳон-2025 тими «Флуминенсе»-и Бразилияро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод, аввалин шуда ба финали мусобиқот роҳ ёфт.
Бозии аввали ниманиҳоӣ шаби 8-уми июл дар варзишгоҳи "Метлайф"-и Ист-Ратерфорди ИМА доир гардид. Ҳарду голро ҳамлагари нави “Челси” Жоао Педро дар дақиқаҳои 18-ум ва 56-уми дидор ба дарвозаи «Флуминенсе» зад.
Мусобиқоти қаҳрамонии бошгоҳҳои футболи ҷаҳон-2025, ки дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 15-уми июн оғоз ёфта буд, 13-уми июл ба поён мерасад.
Маблағи ҷавоизи мусобиқот 1 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб 125 миллион доллар тақдим мегардад. Маблағи боқимонда байни иштироккунандгони дигари мусобиқот мувофиқи ҷойҳои ишғолкардаашон тақсим карда мешавад.
Си Эн Эн: Трамп ба Путин гуфтааст, ки Маскавро "зеру забар" мекунад

Бино ба гузоришҳо Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико дар давраи аввали раҳбариаш ба Владимир Путин таҳдид кардааст, ки дар сурати ҳамлаи Русия ба Украина Маскавро бомборон ва зеру забар мекунад.
Сабти суҳбати Доналд Трамп дар бораи ин гуфтугу бо раиси ҷумҳури Русияро телевизиони Си Эн Эн нашр кард. Кохи Сафед, ё Доналд Трамп ҳанӯз ин гузоришро шарҳе надодаанд. Дар ин суҳбат дар ҳузури донорҳои маъракаи интихоботиаш дар соли 2024 ва зимни ёдоварӣ аз давраи аввали раёсати ҷумҳурӣ дар солҳои 2017-2021 Доналд Трамп гуфтааст: ”Ман ба Путин гуфтам, ки агар ба Украина ҳамла кунед, Маскавро бомборон ва зеру забар мекунам. Дигар интихоб нахоҳам дошт. “
Доналд Трамп дар идома мегӯяд, ки Путин дар посух ба вай гуфтааст, ки ба ин таҳдидаш бовар надорад, ҳарчанд ба қавли Трамп “Путин ба ин таҳдид 10 дар сад бовар кардааст.” Дар бораи ин суҳбатҳо нашрияи Вашингтон Пост моҳи майи соли гузашта навишт, аммо худи навори савтии суҳбат ҷое то кунун нашр нашуда буд.
Дар ҳамин суҳбат Доналд Трамп ҳамчунин мегӯяд, ки ба Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин ҳам гуфтааст, ки агар кишвараш ба Тайван ҳамла кунад, Амрико ба Пекин зарба мезанад. Доналд Трамп борҳо гуфтааст, ки агар соли 2022 раиси ҷумҳур мебуд, Русия ба Украина ҳамла намекард ва ҳамеша Ҷо Байден. раиси ҷумҳури собиқро сабабгори таҷовузи Русия ба хоки Украина меномад. Дмитрий Песков, сухангӯи раиси ҷумҳури Русия дар посух ба дархости хабарнигорон дар бораи шарҳи ин хабар ба онҳо гуфтааст, ки ин суолро аз ҳукумати Амрико бипурсанд.
Амрико ба Украина дар муқовимат ба зидди Русия бо аслиҳаву дигар муҳимоти ҷангӣ кӯмак мекунад, аммо гуфтааст, ки ҳеч қасди фиристодани сарбоз ба Украина ва ё нақши мустақим дар ин ҷанг надорад.
Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро дар зиндон танбеҳ додаанд

Пайвандони Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигори тоҷик мегӯянд, чор моҳ аст, ки аз аҳволи ӯ хабаре надоранд.
Абдукарим Пирмуҳаммадзода, бародари рӯзноманигор ба хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтааст, баъди моҳи март пайвандонашон чанд маротиба барои дидани Пирмуҳаммадзода ба зиндони Хуҷанд рафтанд, вале мақомот иҷозаи мулоқот надоданд. Наздиконаш мегӯянд, аз моҳи март ба ин тараф ба ин рӯзноманигор ҳатто иҷозаи занг задан ба наздиконашро намедиҳанд.
Шарҳи расмии мақомот дар ин бора дастрас нест.
Бародари Абдусаттор Пирмуҳаммадзода гуфтааст, аз рӯи шуниди онҳо, моҳи март намояндагони комиссияи афв ба зиндон рафта, рӯйхати маҳбусонеро тартиб медоданд, ки қарор буд, озод шаванд.
"Бародарам ба комиссияҳо мегӯяд, ки "ман бегуноҳам, чаро номи маро ба рӯйхати озодмешудаҳо ворид намекунед?". Комиссия чизе намегӯяд, вале баъди рафтани онҳо, масъулини зиндон бародарамро ҷазо медиҳанд. Чуноне огоҳ шудем, ҳоло дар ҳуҷраи камераи ҷаримавӣ (ШИЗО) аст",-гуфтааст бародари Абдусаттор Пирмуҳаммадзода.
Радиои Озодӣ талош дорад шарҳи расмии мақомот дар ин бора ба даст орад.
Пирмуҳаммадзода моҳи декабри соли 2022 бо иттиҳоми узвият дар созмонҳои мамнуъ ба 7 сол зиндон маҳкум шуд. Аммо худаш ва наздиконаш айбномаро борҳо рад кардаанд.
Ин рӯзноманигор баъди боздошт дар номае аз боздоштгоҳ навишт, аз рӯзи аввал зери фишори равонӣ ва шиканҷа буд, то иттиҳоми ба қавлаш "бофтаву сохта"-и мақомоти милисаро ба дӯш бигирад. Дар Додситонии кулли Тоҷикистон инро тасдиқ накарданд.
Мақомоти Тоҷикистон баъди соли 2022 беш аз даҳ хабарнигор ва блогерро боздошт ва дар мурофиаҳои пӯшида ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум карданд. Талаби созмонҳои ҳомии ҳуқуқ барои озодии хабарнигорон то ин дам нодида гирифта шудааст.
Дар 6 моҳ дар Тоҷикистон 91 нафар ғарқ шудаанд

Дар нимаи аввали соли равон 91 нафар дар Тоҷикистон ғарқ шудаанд. Дар ин бора Ориф Нозимиён, намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон хабар додааст. Ба гуфтаи Нозимиён, теъдоди ғарқшудагон дар қиёс ба шаш моҳи аввали соли гузашта, 5 нафар бештар аст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар хабарномае аз сокинон дархост кардааст, ки фарзандонашонро аз оббозӣ дар ҷойҳои манъшуда боздоранд. Бо вуҷуди ин таъкидҳои мақомот, ҳамасола дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон даҳҳо нафар, бахусус наврасону ҷавонон, ғарқ мешаванд.
Як шикояти сокинон дар пойтахт ин аст, ки маконҳои оббозӣ гарон аст ва наврасон дар рӯзҳои гарм маҷбур мешаванд дар ҷойҳои хатарнок оббозӣ кунанд.
Додгоҳи Гаага ҳукми боздошти раҳбар ва раиси Додгоҳи олии Толибонро содир кард

Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ дар Гаага ҳукми боздошти Ҳайбатулло Охунзода, раҳбари Толибон ва Абдулҳаким Ҳаққонӣ, раиси Додгоҳи олии ҳукумати ин гурӯҳро ба иттиҳоми "иртикоби ҷиноят алайҳи башар аз навъи озор ва азият ба далелҳои ҷинсиятӣ ва сиёсӣ", содир кардааст.
Додгоҳ дар хабарномае, ки рӯзи 8 июл нашр кард, ин ду танро муттаҳам кард, ки ба таври мустақим ё содир кардани дастур, сабабгори ҷиноят алайҳи башарият аз навъи озору азият бар асоси ҷинсият шудаанд.
Додгоҳ гуфтааст, ки бар асоси моддаи 7-и асосномаи Рум, озору азияти систематикӣ алайҳи занон, духтарон ва дигар афрод ба далоили ҷинсиятӣ ва сиёсӣ, ҷиноят алайҳи башарият ба шумор меравад.
Дар идома омадааст, ки ин озору азиятҳо аз замони ба қудрат расидани Толибон дар 15 августи соли 2021 алайҳи духтарон, занон ва дигар афроде, ки бо сиёсатҳои ҷинсиятии Толибон мувофиқ набуданд ва ҳамчунин алайҳи касоне, ки аз ҳуқуқҳои занон ва духтарон пуштибонӣ мекунанд, ҷорӣ шудааст.
Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ дар ин эъломия гуфтааст, ки Толибон сиёсатеро амалӣ кардаанд, ки боиси нақзи шадиди ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсии ғайринизомиён, шудааст.
Додгоҳ афзудааст, ки Толибон бо он, ки маҳдудиятҳоро ба таври умумӣ ҷорӣ кардаанд, аммо занон ва духтарон ба таври махсус ба далели ҷинсияташон ҳадаф қарор гирифтаанд. Ин маҳдудиятҳо шомили маҳрумсозии систематикӣ аз ҳаққи таҳсил, озодии рафтуомад, баён, боварҳои динӣ ва ҳарими хусусӣ будаанд.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон дар вокушиш ба ин ҳукми Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ гуфт, ки ин додгоҳро ба расмият намешиносанд ва иддао кард, ки раҳбаронашон адолатро тибқи шариати исломӣ дар Афғонистон татбиқ мекунанд.
Шуморе аз созмонҳои мудофеъ аз ҳуқуқи занони афғон аз ин ҳукми Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ истиқбол кардаанд.
Амрико гуфт, ба Украина “силоҳи бештар” мефиристад

Рӯзи 7 июл президент Доналд Трамп гуфт, ки ИМА барои кӯмак ба Украинаи ҷангзада дар муқовимат ба ҳамлаҳои Русия силоҳи бештар мефиристад.
Трамп, ки дар Кохи Сафед бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт, “Мо силоҳи бештар мефиристем. Бояд ин корро кунем. Онҳоро ҳоло бисёр сахт мезананд”. Трамп, ки бо нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу сӯҳбат мекард, гуфт, ИМА пеш аз ҳама силоҳҳои дифоӣ мефиристад.
Шон Пернелл, сухангӯи Пентагон баъди ин гуфт: “Бо супориши президент Трамп вазорати дифоъ силоҳҳои иловагии мудофеавиро ба Украина мефиристад, то ки украиниҳо тавонанд аз худ ҳимоят кунанд ва мо дар самти таъмини сулҳи давомдор ва хатми куштор кор кунем”.
На Трамп ва на Пентагон ҷузъиёте надоданд. Як ҳафта пеш Пентагон гуфта буд, ироаи баъзе мушак, аслиҳаи нишонрас ва дигар силоҳҳоро бозмедорад, чун захираҳои силоҳи худи ИМА ҷиддан коҳиш ёфтаанд.
Украина аз Вашингтон пайваста фурӯши бештари мушакҳои навъи “Патриот”-ро дархост карда, гуфтааст, ки ин силоҳ барои ҳимояти шаҳрҳояш аз ҳамлаҳои ҳавоии шабонгоҳии Русия бисёр зарур аст ва Маскав дар талоши корношоям кардани системаи дифои ҳавоии Украина мебошад.
Панҷ сарбози исроилӣ дар Ғазза кушта шуданд

Панҷ сарбози исроилӣ бар асари таркиш дар Ғазза кушта шуданд. Расонаҳо ҳамчунин гуфтанд, ки ниманизомиён ба тарафи нерӯҳои кӯмакие, ки барои берун баровардани кушташудаҳо ва захмиҳо фиристода шуда буданд, оташ кушоданд.
Артиши Исроил эълон кард, ки ин сарбозон шоми 7 июл дар шимоли Ғазза кушта ва ду сарбози дигар ба шиддат захмӣ шуданд. Расонаҳои исроилӣ рузи 8 июл гузориш доданд, ки ин сарбозони пиёданизом дар ҳоли гашт задан буданд, ки дар рӯбарӯи онҳо таркиш сурат гирифт.
Марги сарбозон ҳудуди ду ҳафта пас аз он иттифоқ афтод, ки ҳафт сарбози исроилӣ дар ҳамлаи як марди фаластинӣ, ки бомбаеро ба зиреҳпӯши онҳо часпонида буд, кушта шуданд.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти тандурустӣ дар бемористони "Носир"-и Ғазза эълон карданд, ки дар яке аз ҳамлаҳои Исроил ба хаймаҳои оворагон дар Хон Юнус, чаҳор нафар кушта шуданд. Дар як ҳамлаи дигар дар Хон Юнус, чаҳор нафар, аз ҷумла, як модар, падар ва ду кӯдакашон ҷон бохтанд.
Бар асоси баёнияи бемористони "Авда" дар минтақаи Нусайрот, ҳамлаҳои Исроил боиси кушта шудани 10 нафар ва захмӣ шудани 72 тан дар маркази Ғазза шуд.
Ин хушунатҳо дар ҳоле рух медиҳад, ки Исроил ва "Ҳамос" дар ҳоли баррасии пешниҳоди оташбаси мавриди ҳимояти Амрико ҳастанд, то даргирии 21-моҳа дар минтақа поин ёбад.
Сафари давлатии президенти Қирғизистон ба Тоҷикистон

Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон рӯзи 8 июл бо сафари давлатӣ вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон шуд. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ӯро президент Эмомалӣ Раҳмон пешвоз гирифт.
Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон як рӯз пеш дар бораи ин сафар хабар дода, аммо ҷузъиёти онро нагуфтанд.
Танҳо ин маълум аст, ки Содир Ҷабборов дар сафари дурӯзааш ба Душанбе, бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва роҳбарони ҳарду палатаи порлумон мулоқот мекунад.
Раёсати корҳои дохилии Душанбе хабар дод, ки 8-уми июл ҳаракат дар роҳҳои асосии пойтахт маҳдуд мешавад.
Хабаргузории давлатии "Ховар" навишт, ки рӯзҳои 7-8 июл дар шаҳри Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад.
Ду тараф, ки солҳо боз ҳамкориҳои иқтисодии дурусте надоштанд, имконоти тиҷорату додугирифт байни ҳамдигарро баррасӣ мекунанд.
Тоҷикистон ва Қирғизистон даҳсолаҳо боз наметавонистанд сарҳади байни ду кишварро таъйину аломатгузорӣ кунанд.
Ду кишвар дар зарфи чор соли гузашта ду бор бо ҳам сахт ҷангиданд ва моҳи марти имсол созишномаи марзиро имзо карданд.
Баъди ин гузаргоҳҳои бастаи марзӣ барои мардуми ду тараф, ки солҳо байни ҳам тиҷорату муомила доштанд, боз шуд.
Амрико "Ҳайати Таҳрири Шом"-ро аз феҳристи созмонҳои террористӣ берун кард

Ҳукумати Амрико гурӯҳи "Ҳайати Таҳрири Шом"-ро аз феҳристи созмонҳои террористӣ берун кард.
Ба гузориши хабаргузории "Ассошиэйтед Пресс", ин тасмим ҳудуди ду ҳафта пеш гирифта шуда шуда буд, аммо қарор аст, имрӯз, сешанбеи 8 июл ба ҳолати иҷро дарояд.
Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико дар баёнияи расмӣ гуфтааст, ки ин тасмим бо машварати Додситони кулл ва вазири молияи Амрико гирифта шуд.
Гурӯҳи "Ҷабҳа Ан-Нусра" пас аз ҷудоӣ аз "Ал-Қоида", ба "Ҳайати Таҳрири Шом" тағйири ном кард.
Бисёре аз мақомҳои сиёсӣ ва амниятии ҳукумати нав дар Сурия аз аъзои фаъоли ин гурӯҳ ба шумор мераванд.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар миёнаҳои моҳи майи имсол бо Аҳмад Аш-Шаръ, раисҷумуҳри нави Сурия дар Риёз дидор кард ва таҳримҳои ИМА алайҳи ин кишварро сабук намуд.
Давоми ҷанги 14-солаи дохилии Сурия, ки дар соли 2011 оғоз шуд, садҳо ҳазор нафар кушта шуда, миллионҳо нафар овора гаштанд. Кишварҳои ғарбӣ алайҳи ҳукумати Башор Асад таҳримҳо ҷорӣ карданд, аммо ӯ бо кӯмаки Эрон ва Русия дар қудрат монд.
Ҳукумати Башор Асад дар моҳи декабри соли 2024 аз сӯи "Ҳайати Таҳрири Шом" бо раҳбарии Аҳмад Аш-Шаръ, сарнагун шуд.
Вазири нақлиёти Русия баъди барканорӣ худкушӣ кардааст

Роман Старовойт, вазири нақлиёти Русия, ки рӯзи 7-уми июл аз мақомаш барканор шуда буд, худкушӣ кардааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" ва ченд телеграм-канали русӣ хабар додаанд.
Кумитаи тафтишотии Русия марги мансабдори собиқро тасдиқ кард, аммо дар бораи худкушӣ будани ҳодиса расман чизе нагуфт. Дар хабарномаи расмӣ танҳо омадааст, ки ҷасади Роман Старовойт дар мошинаш пайдо шуд.
Чанд расонаи русӣ бо такя ба манобеашон навиштанд, вазири собиқ худкушӣ кардааст. Телеграм-канали Mash навиштааст, як сабаби даст ба худкушӣ задани вазири собиқ, оғози парвандаи ҷиноӣ аст.
Ин телеграм-канал бо такя ба манобеаш навиштааст, Роман Старовойт ба он муттаҳам мешуд, ки ҳангоми кораш дар мақомии волии Курск, даст ба қаллобӣ задааст.
Старовойт то таъин шуданаш ба мақоми вазири нақлиёти Русия дар соли 2024, волии Курск буд.
Нашрияи "Коммерсант" навиштааст, вазири собиқро бегоҳи 7-уми июл дастгир мекарданд.
Додугирифти Тоҷикистону Қирғизистон ба бештар аз 6 миллион доллар расидааст

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳаҷми тиҷорату савдои мутақобила бо Қирғизистон дар панҷ моҳи соли равон танҳо 6.1 миллион долларо ташкил додааст. Агарчӣ тиҷорати дуҷониба дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2024 тақрибан 30 дар сад афзудааст, аммо иқтисоддонҳо гардиши мол байни ду кишвари ҳамсояро бисёр ночиз мешуморанд.
То соли 2020 ҳаҷми додугирифти Тоҷикистону Қирғизистон солона на камтар аз 40 то 60 миллион доллар буд. Коҳиши якбораи тиҷорат байни ду кишвар баъди муноқишаҳои солҳои 2021-2022 дар марз сурат гирифт, ки садҳо нафарро аз ду тараф куштаву захмӣ барҷой гузошт. Муноқиша сари марзи таъйину аломатгузориношуда сурат гирифт ва сипас бо бастани тамоми гузаргоҳҳои марзӣ ба рӯи ҳамдигар ва ҳамингуна бастани қаламрави ҳавоии кишварҳо ба рӯи ҳавопаймоҳои якдигар анҷомид.
Баъди ин муноқишаҳо ҳукуматҳои ду кишвар, ки даҳсолаҳо сари таъйину аломатгузории сарҳади бештар аз 600 километрӣ баҳсу даъво доштанд, дар муддати камтар аз 3 сол хати марзро кашиданд ва моҳи марти соли 2025 созишномаи марзиро имзо карданд. Гузаргоҳҳои марзӣ агарчӣ боз шуд, аммо тиҷорат байни мардумони ду тараф мисли солҳои пешин нест.
Омор дар бораи додугирифти иқтисодиро вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар остонаи сафари давлатии раиси ҷумҳур Содир Ҷабборов ба Душанбе нашр кард. Сафар рӯзҳои 8 ва 9 июл сурат мегирад ва қарор аст дар ҷараёни он чанд созишномаи ҳамкорӣ ба имзо бирасад. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон моҳи марти имсол ба Бишкек сафар кард ва дар он моҳ байни ду кишвар 16 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.
Ҳунарпешаи шинохтаи Тоҷикистон даргузашт

Тамара Абдушукурова, яке аз ҳунарпешагони шинохта ва вазири собиқи фарҳанги Тоҷикистон даргузашт. Шогирдону наздикони ӯ дар Фейсбук рӯзи 7 июл хабар додаанд, ки профессори Донишгоҳи санъати Тоҷикистон бинобар беморӣ дар синни 85- солагӣ дунёро падруд гуфтанд. Бемории ӯро ошкор накардаанд.
Тамара Абдушукурова солҳои дароз дар театри маъруфи ба номи Лоҳутӣ ҳамчун ҳунарпеша ва коргардон кор кардааст. Аз соли 1990 то соли 1992 вазири фарҳанги Тоҷикистон буд. Ӯ дар замони шӯравӣ унвони баланди Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистонро ба даст овардааст ва солҳои ахир дар Донишгоҳи санъат ба шогирдон дарс мегуфт.
Дар саҳнаи театр дар намоишномаҳое ба мисли “Шоҳ Гавазн” (Смералдино), “Ҷавоне аз шаҳри мо” (Варя), “Деҳотӣ” (Бунафша), “Дуэл” (Нозӣ), “Иродаи зан” (Мавҷуда) дар ёд мондааст.
Теъдоди қурбониёни сел дар Техас ба 80 нафар расидааст.

Теъдоди қурбониёни селу обхезӣ дар аёлати Техаси Амрико ба 82 нафар расидааст ва дар миёни онҳо 28 нафар кӯдакону наврасонанд.
Теъдоде аз ин наврасон дар як урдӯгоҳи масеҳиён будаанд, ки дар соҳили рӯдхонаи Гуадалупа қарор дорад. Камаш 10 духтар ва раҳбари гуруҳи онҳо аз ҷумлаи онҳоеанд, ки бенишон шудаанд ва ҷустуҷӯи онҳо идома дорад.
Шаби 4-уми июл борони зиёд сабаби селу обхезӣ дар рӯдхонаи Гуадалупа шуд ва бино ба гузоришҳо сатҳи оби он дар 45 дақиқа то 8 метр боло рафтааст.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, ки ҳукумати марказӣ кӯмак ба аёлати Техасро идома хоҳад дод ва мумкин аст, худи ӯ рӯзи панҷшанбе ба ин аёлати осебдида сафар кунад.