Мутахассисон мегӯянд, ки шояд Кобул дар оянда ба нахустин пойтахт дар ҷаҳон табдил ёбад, ки комилан аз об маҳрум мешавад. Сабаби ин фалокати эҳтимолӣ ба қавли мутахассисон, афзоиши босуръати аҳолӣ, тағйироти иқлимӣ ва мудирияти нодуруст аст.
Як мақоми Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии исломӣ мегӯяд, аз нимаи дувуми моҳи март то кунун беш аз 700 ҳазор шаҳрванди Афғонистон аз Эрон ихроҷ шудаанд. Ин нахустин омори расмии Эрон аз мавҷи ихроҷи шаҳрвандони Афғонистон аст.
Артиши Исроил эълом кард, ки 6-уми июл ба чанд макони вобаста ба ҳусиҳо, азҷумла се бандар ва як неругоҳи барқӣ дар Яман зарба задааст. Гуфта мешавад, ин аввалин ҳамлаи Исроил ба Яман дар як моҳи ахир аст.
Ҳамзамон бо афзоиши ихроҷи маҷбурии муҳоҷирони афғон аз Эрон, шуморе аз низомиёни пешин афғон ва фаъолони ҳуқуқи зан, ки пас аз дубора ба қудрат расидани Толибон бар Афғонистон ба Эрон паноҳ бурдаанд, аз афзоиши фишорҳо ва эҳтимоли ихроҷ аз он кишвар нигаронанд.
Эрон омори нави талафоти худ дар ҷанг бо Исроилро эълон кард. Ба навиштаи ИРНА -- хабаргузории расмии Ҷумҳурии исломӣ, дар ҷанги 12-рӯза бо Исроил, 935 нафар дар ин кишвар кушта шуданд.
Ҷумҳурии исломии Эрон барои ҳудуди 60 тан аз фармондеҳони баландпояи низомӣ ва донишмандони ҳастаии худ, ки дар 12 рӯз ҳамлаи Исроил ба Эрон кушта шуданд, маросими расмии ҷаноза баргузор кард.
Созмони Милали Муттаҳид дар гузорише эълон кард, ки шумори истеъмолкунандагони маводи мухаддир дар саросари ҷаҳон дар соли 2023 ба 316 миллион нафар афзоиш ёфтааст.
Мақомоти Амрикову Эрон рӯзи 26-уми июн гуфтанд, ки барои азсаргирии музокирот пиромуни барномаи ҳастаии Теҳрон дар тамос ҳастанд, аммо ҳеч музокираи расмие барномарезӣ нашудааст.
Ёфтҳои бештар