Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико рӯзи 9 июл бо эълони таҳрим алайҳи Франсеска Албанезе, гузоришгари вижаи СММ барои Каронаи Бохтарӣ ва Ғазза, дар шабакаи Х навишт, "маъракаи ҷанги сиёсӣ ва иқтисодии Албанезе алайҳи Амрико ва Исроил дигар таҳаммул нахоҳад шуд. Мо ҳамеша дар паҳлӯи шарикони худ (Исроил) ва ҳаққи дифои машруи онҳо хоҳем истод".
Ба гузориши хабаргузории "Ассошиэйтед пресс", тасмими Вазорати корҳои хориҷи Амрико барои таҳрими Франсеска Албанезе пас аз он сурат мегирад, ки талошҳои ахири Вашингтон барои водор кардани СММ ба барканории ӯ ноком мондааст.
Ин таҳримҳо натиҷаи як корзори фарогири тақрибан шашмоҳа аз сӯи ҳукумати Трамп дар вокуниш ба интиқодҳо нисбат ба шеваи мудирияти ҷанги Исроил дар ҷанги Ғазза аст. Ҷанг дар Ғазза беш аз як солу нӯҳ боз идома дорад.
Ҳукумати Амрико ҳамчунин аз зимистони гузашта боздошт ва ихроҷи устодон ва муаллимони донишгоҳҳои амрикоиро, ки дар эътирозҳо ва фаъолиятҳои сиёсии тарафдори Фаластин ширкат карда буданд, оғоз кард.
Аз сӯи дигар, Доналд Трамп дар талош аст миёни Исроил ва "Ҳамос" оташбас барқарор кунад, то ҷанг поён ёбад ва гаравгонҳои исроилӣ озод шаванд. Ин талошҳо бо сафари ахири нахуствазири Исроил ба Вашингтон афзоиш ёфтааст.
Франсеска Албанезе, ки вакили ҳуқуқи башар аст, ба таври ошкоро ончиро, ки "наслкушӣ"-и Исроил алайҳи фаластиниҳо дар Ғазза меномад, маҳкум кардааст. Исроил ва Амрико инро шадидан рад мекунанд.
Дар ҳафтаҳои ахир Франсеска Албанезе чандин нома нашр кард ва аз кишварҳои гуногун хост, ки барои қатъи бомбаборони Ғазза, бо роҳҳои гуногун, аз ҷумла, ҷорӣ кардани таҳримҳо бар Исроил, фишор ворид кунанд.
Ӯ ки шаҳрванди Италия аст, ҳамчунин аз тарафдорони сарсахти иқдоми Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ ё Суди Гаага барои содир кардани ҳукми боздошти мақомоти исроилӣ, аз ҷумла, сарвазири он кишвар Бенямин Нетаняҳу ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ мебошад.
Ин гузоришгари СММ ахиран гузорише нашр кард, ки дар он чанд ширкати калони амрикоиро барои ҳамкорӣ бо ишғол ва ҷанги Исроил дар Ғазза, муттаҳам кардааст.
Франсеска Албанезе аз сӯи мақомот ва гурӯҳҳои тарафдори Исроил дар Амрико ва Ховари Миёна, мавриди интиқод қарор гирифт.
Ҳафтаи гузашта намояндаи Амрико дар СММ баёнияе содир кард ва хостори барканории ӯ ба далели чанд сол "яҳудиситезии шадид", шуд.
Дар ин баёния омада буд, ки иттиҳомҳои Франсеска Албанезе дар бораи наслкушии Исроил "нодуруст ва тавҳиномез" аст.
Ҷанги навбатӣ миёни Исроил ва гурӯҳи тундрави "Ҳамос", рӯзи 7-уми октябри соли 2023 оғоз шуд. Дар ин рӯз "Ҳамос" ба Исроил ҳамла кард ва 1200 исроилиро кушт ва 251 тани дигарро ба гарав бурд.
Бинобар эъломи Вазорати тандурустии Ғазза, ки зери назари "Ҳамос" аст, дар пайи ҳамлаҳои густурдаи Исроил дар 21 моҳи гузашта, беш аз 57 ҳазор фаластинӣ кушта шуданд. Аксари ин кушташудаҳо занон ва кӯдакон мебошанд.
Ба гуфтаи табибон ва имдодгарон, пас аз наздик ба 21 моҳи ҷанг, ки боиси оворагии аксарияти 2,3 миллион аҳолии Ғазза шудааст, дастрасии захмиёне, ки ҳолашон вазнин аст, ба хадамоти беҳдоштӣ ҳамчунон тақрибан ғайримумкин мебошад.
Гуфтугӯ