"Челси" аввалин финалисти қаҳрамонии бошгоҳҳои футболи ҷаҳон-2025 шуд

Дастаи “Челси”-и Англия, ки дар даври ниманиҳоии  қаҳрамонии бошгоҳҳои футболи ҷаҳон-2025 тими «Флуминенсе»-и Бразилияро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод, аввалин шуда ба финали мусобиқот роҳ ёфт.

Бозии аввали ниманиҳоӣ шаби 8-уми июл дар Ист-Ратерфорди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир гардид. Ҳарду голро ҳамлагари нави “Челси” Жоао Педро дар дақиқаҳои 18-ум ва 56-уми дидор ба дарвозаи «Флуминенсе» зад.

Ҳамакнун “Челси” дар финали мусобиқот бо ғолиби ҷуфти бозии ниманиҳоӣ байни тимҳои «ПСЖ»-и Фаронса — «Реал» Мадриди Испания, ки шаби 9-уми июл баргузор мешавад, рақобат мекунад. Ғолибони нимфинал дар бозии ниҳоӣ, ки рӯзи якшанбеи 13-уми июл доир мегардад, бо ҳам рӯбарӯ хоҳанд шуд.

Бояд зикр намуд, "Челси" ва "Флуминенсе" аввалин бозии рӯбарӯи худро дар таърих анҷом доданд. "Флуминенсе" дар финали Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо дар соли 2023 аз тими “Манчестер Сити”-и Англия шикаст хӯрда буд. “Челси” бошад, дар соли 2021 ғолиби ин мусобиқа шуд ва соли 2012 дар финал ноком гардид.

Мусобиқоти қаҳрамонии бошгоҳҳои футболи ҷаҳон-2025, ки дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 15-уми июн оғоз ёфта буд, то рӯзи 13-уми июл идома хоҳад кард.

Маблағи ҷавоизи мусобиқот 1 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб 125 миллион доллар тақдим мегардад. Маблағи боқимонда байни иштироккунандгони дигари мусобиқот мувофиқи ҷойҳои ишғолкардаашон тақсим карда мешавад.

Мусобиқоти қаҳрамонии бошгоҳҳои футболи ҷаҳон-2025:

1/2 финал

8-уми июл (сешанбе)

«Флуминенсе» (Бразилия) - «Челси» (Англия) – 0:2

Голҳо: Жоао Педро, 18, 56

9-уми июл (чоршанбе)

«ПСЖ» (Фаронса) - «Реал Мадрид» (Испания)

ФИНАЛ

13-уми июл (якшанбе)

“Челси” (Англия) – ғолиби ҷуфти «ПСЖ» (Фаронса) - «Реал Мадрид» (Испания)