Пайвандони Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигори тоҷик мегӯянд, чор моҳ аст, ки аз аҳволи ӯ хабаре надоранд.
Абдукарим Пирмуҳаммадзода, бародари рӯзноманигор ба хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтааст, баъди моҳи март пайвандонашон чанд маротиба барои дидани Пирмуҳаммадзода ба зиндони Хуҷанд рафтанд, вале мақомот иҷозаи мулоқот надоданд. Наздиконаш мегӯянд, аз моҳи март ба ин тараф ба ин рӯзноманигор ҳатто иҷозаи занг задан ба наздиконашро намедиҳанд.
Шарҳи расмии мақомот дар ин бора дастрас нест.
Бародари Абдусаттор Пирмуҳаммадзода гуфтааст, аз рӯи шуниди онҳо, моҳи март намояндагони комиссияи афв ба зиндон рафта, рӯйхати маҳбусонеро тартиб медоданд, ки қарор буд, озод шаванд.
"Бародарам ба комиссияҳо мегӯяд, ки "ман бегуноҳам, чаро номи маро ба рӯйхати озодмешудаҳо ворид намекунед?". Комиссия чизе намегӯяд, вале баъди рафтани онҳо, масъулини зиндон бародарамро ҷазо медиҳанд. Чуноне огоҳ шудем, ҳоло дар ҳуҷраи камераи ҷаримавӣ (ШИЗО) аст",-гуфтааст бародари Абдусаттор Пирмуҳаммадзода.
Радиои Озодӣ талош дорад шарҳи расмии мақомот дар ин бора ба даст орад.
Пирмуҳаммадзода моҳи декабри соли 2022 бо иттиҳоми узвият дар созмонҳои мамнуъ ба 7 сол зиндон маҳкум шуд. Аммо худаш ва наздиконаш айбномаро борҳо рад кардаанд.
Ин рӯзноманигор баъди боздошт дар номае аз боздоштгоҳ навишт, аз рӯзи аввал зери фишори равонӣ ва шиканҷа буд, то иттиҳоми ба қавлаш "бофтаву сохта"-и мақомоти милисаро ба дӯш бигирад. Дар Додситонии кулли Тоҷикистон инро тасдиқ накарданд.
Мақомоти Тоҷикистон баъди соли 2022 беш аз даҳ хабарнигор ва блогерро боздошт ва дар мурофиаҳои пӯшида ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум карданд. Талаби созмонҳои ҳомии ҳуқуқ барои озодии хабарнигорон то ин дам нодида гирифта шудааст.