Парвандаи ҳамла ба “Крокус” ба додгоҳи Маскав расидааст

Латукӯби бераҳмонаи гумонбарон ба ҳамлаи террористӣ шакку шубҳаи зиёде дар бораи иттиҳомот барангехт.

Парвандаи 19 гумонбари ҳамла ба толори консертии «Крокус» ба Додгоҳи шаҳри Маскав ворид шудааст. Дар ин бора хабаргузории давлатии ТАСС рӯзи 9-уми июл хабар дод.

Дар ин ҳамла дар моҳи марти соли 2024 дар шаҳраки Красногорски вилояти Маскав 149 нафар кушта шуданд. Дафтари матбуоти додгоҳ гуфтааст, парвандаро ҳайати сенафарии додрасҳо муҳокима мекунад. Ирина Жирнова, сухангӯи додгоҳ ба ТАСС гуфтааст, ки санаи мурофиаи додгоҳӣ 30 рӯз баъд маълум мешавад.

Парвандаи ҳамла ба «Крокус сити ҳолл», ки аксар гумонбарони он тоҷикистониҳо мебошанд, 450 ҷилд дорад. Манбаъ навиштааст, ки додгоҳ бояд маҳалли баргузории мурофиаро дақиқ кунад, чунки толорҳои додгоҳи дуюми низомии Маскав, маҳалли баргузории мурофиа, тавони гунҷоиши ҳамаи иштирокдорони мурофиаро надоранд.

Як масъалаи ҷиддии дигаре, ки норӯшан мемонад, ин аст, ки оё мурофиа боз барпо мешавад ё баста. Жирнова гуфтааст, қонунгузорӣ иҷоза медиҳад, ки мурофиа баста ва пӯшида аз чашми ҷомеа ва матбуот барпо шавад ва як далелаш таъмини амнияти иштирокдорони мурофиа мебошад.

Додгоҳ гуфтааст, дар мурофиа 19 нафар иҷрокунандагон ва шарикони ҷиноят ҳозир хоҳанд шуд ва ҳамаи онҳоро ном бурдааст: Фаридуни Шамсиддин, Далерҷон Мирзоев, Муҳаммадсобир Файзов, Саидакрам Раҷабализода, Умедҷон Солиев, Мустақим Солиев, Шаҳромҷон Гадоев, Зубайдулло Исмоилов, Ҳусейн Ҳамидов, Муҳаммадзоир Шарифзода, Ёқубҷон Юсуфзода, Лутфуллои Назримад, Ҷумъахон Қурбонов, Ҳусейн Медов, Ҷабраил Аушев, Алишер Қосимов, инчунин Исроил, Диловар ва Аминҷон Исломовҳо.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Муҳокимаи 19 муттаҳам бо ҳамлаи "Крокус" дар додгоҳи ҳарбии Маскав доир хоҳад шуд.

ТАСС менависад, ки исми ҳамаи онҳо ба феҳристи террористон ворид карда шудааст. Дар хабар аз қавли Додситонии кулли Русия омадааст, ки ду гумонбари дигари ҳамла ва шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷустуҷӯ қарор доранд. Дар парванда навишта шудааст, ки онҳо ба манфиати раҳбарияти сиёсии Украина амал карда, «дар хоки Русия фаъолияти се гурӯҳи марбут ба «Шабакаи Хуросони ДОИШ»-ро ташкил намуданд» ва бо эҳсосоти динии чанде аз ин муттаҳамон бозӣ карда, амр додаанд, ҳамлаи террористӣ дар Маскавро анҷом диҳанд.

Ҳукумати Украина ин иттиҳоми Маскавро беасос номида, рад кардааст. «Шарикони ҷиноят Исломовҳо ва Қосимов ба террористон пул фиристода, хонаву мошин фароҳам карданд. Медов, Аушев ва дигарҳо силоҳу муҳимот омода намуданд. Солиевҳо, Исмоилов, Гадоев ва Ҳомидов силоҳу муҳимотро ба иҷрокунандагони ҳамла расониданд», гуфта шудааст дар хабар.

Дар доираи ин парванда аксаран шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт шуданд, вале маълум нест, то куҷо бо вакили дифоъ ва ёрии ҳуқуқии сафорати Тоҷикистон таъмин буданд. Мақомот дар Тоҷикистон дар суҳбатҳои хусусӣ бо Радиои Озодӣ эътироф кардаанд, ки мақомоти Русия дархости онҳоро барои гуфтугу бо гумонбарон дар боздоштгоҳ нодида мегиранд ва ҳеч ҳамкории мутақобилае бо онҳо нишон намедиҳанд, дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон мақомоти тафтишотӣ ба ҳамтоёни русашон имкони сӯҳбату бозпурсии наздикони гумонбаронро фароҳам намудаанд.

Ҳангоми боздошти чаҳор муттаҳами асосӣ ба ҷиноят намоишкорона шиканҷа шуданд ва тавассути телевизион ҳам онҳоро ошкоро намоиш доданд. Парванда аз оғоз якҷониба ва пӯшида баррасӣ мешавад ва аз рӯ пурсишҳои зиёде дар заминаи воқеӣ будани иттиҳомот боқӣ мемонад.