Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алмосӣ ба феҳрасти мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ шомил шуд


Дараи Алмосӣ дар Тоҷикистон нахустин маҳалли кӯҳистонии киштзору чарогоҳҳо дар Осиёи Марказӣ шуд, ки ба феҳрасти мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ шомил мешавад. Дар ин бора Муассисаи Кишоварзии Созмони Милал бо нашри як баёнияи расмӣ хабар додааст.

Ҳамроҳ бо дараи Алмосӣ ба феҳрасти мазкур хоҷагиҳои азими коҷпарварӣ дар Кореяи Ҷанубӣ ва чарогоҳҳои ҷангалзор дар Португалия шомил шудаанд. Дар ин феҳрасти ҷаҳонӣ на фақат манзараҳои табии зебо, балки низоми кишоварзие ба инобат гирифта мешавад, ки барои мардуми деҳот имконоти зиндагӣ фароҳам месозад ва ба таври вижа таркиби наботот ва суннату навовариҳоро нигаҳ медорад.

Дараи Алмосӣ дар ноҳияи Ҳисор, ки маҳалли кӯҳистонист, аз чарогоҳҳои мавсимии гӯсфандон ва ангурзорҳои васеъ, киштзорҳои гандум, боғҳои васеъ таркиб ёфтааст. Дар баёнияи Муассисаи Кишоварзии Созмони Милал омадааст, таркибе, ки тӯли садсолаҳо шакл гирифтааст, амнияти ғизоии мардумро таъмин мекунад ва айни замон рангорангии муҳити зист ва фарҳанги он ҷойро нигаҳ медорад.

Мардуми Алмосӣ ҳам бо такя ба усулҳои қадимаи суннатии кишоварзӣ монеи табоҳшавии замин, камобӣ ва таъсироти тағйироти иқлим шудаанд. Дараи мазкур начандон дур аз Душанбе, пойтахти Тоҷикистон қарор дорад ва як маҳалли истироҳат дар фасли тобистон ба шумор меравад.

Дар ин дара, гуногунрангии набототу ҳайвонот, анвои зиёди зироатҳо ва ҳайвоноти хонагӣ, аз ҷумла навъи ҷав ва гандумҳо ва меваҳои таҳҷоӣ ва гӯсфанди ҳисорӣ дида мешавад. Ангури тойфии Алмосӣ ҳам яке аз ангурҳои маъруф дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки аз он мавиз, нӯшоба ва май омода мекунанд.

Кишоварзӣ дар инҷо ба гуфтаи Муассисаи Кишоварзии Созмони Милал, бо истифода аз усулҳои бобоӣ, нуриҳои минералии табиӣ, тақвими суннатии пешина, бо назардошти аломатҳои ҳаво ва усулҳои сарфаҷӯёнаи об сурат мегирад.

Ҷомеаҳои сокини дара тавассути шӯроҳои маҳаллӣ, ҷамоат, хоҷагиҳои деҳқонии хонаводагӣ сурат мегирад ва аз ин роҳ дониши кишоварзӣ, истифодаи муштараки манобеи табиӣ сурат мегирад ва ин фарҳанг аз насл ба насл мегузарад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG